2 июли соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 бо иштироки роҳбарияти Агентӣ, сардорони раёсатҳо, марказҳо ва шуъбаҳои сохторӣ баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати Директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло баргузор гардида, зимни он натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Ҳамзамон, дастовардҳои соҳа, масъалаҳои ҳалталаб ва самтҳои афзалиятноки фаъолият барои нимсолаи дуюми соли 2026 муайян карда шуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа муовини директори Агентӣ Пирзода Суннатуллоҳ Мирзомудин аз рӯйи масъалаҳои рӯзнома маърӯза намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои Агентӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Инчунин ҳисоботи сардорони раёсатҳо, марказҳо ва шуъбаҳои сохторӣ шунида шуда, вобаста ба масъалаҳои мавҷуда мубодилаи афкор сурат гирифт.
Дар фарҷоми ҷаласа оид ба масъалаҳои баррасишуда қарори дахлдор қабул гардида, барои иҷрои босамари вазифаҳои муайяншуда ва татбиқи нақшаҳои минбаъдаи соҳавӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд.





02.07.2026