Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ахбор

Вохӯрӣ бо роҳбарияти Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вохӯрӣ бо роҳбарияти Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 13 августи соли 2026 вохӯрии директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо роҳбарияти Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Дениз Люти баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъдаро дар соҳаҳои обуҳавошиносӣ, тағйирёбии иқлим, мониторинги зуҳуроти хатарноки обуҳавошиносӣ ва баланд бардоштани устувории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсири тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор доданд.

14.08.2026

Бештар
Баргузории шанбегии дастаҷамъонаи кормандони Агентии обуҳавошиносӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баргузории шанбегии дастаҷамъонаи кормандони Агентии обуҳавошиносӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, санаи 1 августи соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

01.08.2026

Бештар
Мушоҳидаҳои аэровизуалӣ – воситаи муҳими мониторинги захираи барф, пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ ва захираҳои обии Тоҷикистон
Мушоҳидаҳои аэровизуалӣ – воситаи муҳими мониторинги захираи барф, пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ ва захираҳои обии Тоҷикистон

Дар шароити таъсири тағйирёбии иқлим ва афзоиши хатари офатҳои табиӣ, мониторинги мунтазами пиряхҳо, захираҳои барф ва кӯлҳои пиряхии рахнашаванда яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва амнияти обӣ ба ҳисоб меравад.

30.07.2026

Бештар
СОМОНАИ СИФАТИ ҲАВО ДАР ҶУМҲУРӢ ФАЪОЛ ГАРДИД
СОМОНАИ СИФАТИ ҲАВО ДАР ҶУМҲУРӢ ФАЪОЛ ГАРДИД

Аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомонаи сифати ҳаво дар ҷумҳурӣ омода гардид, https://airquality.meteo.tj ки шаҳрвандон метавонанд вобаста ба ҳолати воқеии сифати ҳаво дар мамлакат маълумоти даққиқ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пайдо намоянд.

13.07.2026

Бештар
Ҷаласаи ҷамъбастии Агентии обуҳавошиносӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид
Ҷаласаи ҷамъбастии Агентии обуҳавошиносӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид

2 июли соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 бо иштироки роҳбарияти Агентӣ, сардорони раёсатҳо, марказҳо ва шуъбаҳои сохторӣ баргузор гардид.

02.07.2026

Бештар
Ҳамоиш бахшида ба қабули Қатномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)»
Ҳамоиш бахшида ба қабули Қатномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)»

Дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба қабули Қатномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» бо иштироки васеъи роҳбарият ва кормандони Агентӣ ҳамоиш баргузор гардид. Нахуст муовини директори Агентӣ Пирзода С.М. баромад намуда, аҳли нишаст ва дар ин замина кулли мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо қабули ин санади байналмиллалӣ табрик намуданд.

30.06.2026

Бештар
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравии Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид

Душанбе, 25 июни соли 2026 — Дар бинои Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, Раиси Гурӯҳи кории байниидоравии Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа иштирокчиён Нақшаи амал барои солҳои 2026–2028, масъалаҳои такмили низоми мониторинг ва арзёбӣ, рушди платформаи таҳлиливу иттилоотӣ, мубодилаи байниидоравии маълумот ва татбиқи Харитаи роҳ оид ба таҳкими низоми огоҳсозии бармаҳал таҳти унвони «Огоҳсозии бармаҳал барои ҳама» (Early Warnings for All)-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

25.06.2026

Бештар
ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ХАДАМОТИ ОБУҲАВОШИНОСИИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ
ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ХАДАМОТИ ОБУҲАВОШИНОСИИ ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ

Рӯзҳои 22–25 июни соли 2026 намояндагони Хадамоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Корея ва Институти метеорологии Корея бо сафари корӣ ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Ҳадафи асосии сафари корӣ шиносоӣ бо вазъи кунунии шабакаи мушоҳидаҳои обуҳавосанҷии кишвар, арзёбии фаъолияти стансияҳои худкори обуҳавосанҷӣ ва баррасии имкониятҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти рушди инфрасохтори обуҳавошиносӣ ва технологияҳои иттилоотӣ арзёбӣ гардид.

25.06.2026

Бештар
Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 29-умин солгарди  “Рӯзи Ваҳдати миллӣ”
Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 29-умин солгарди “Рӯзи Ваҳдати миллӣ”

24 июни соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷлиси тантанавӣ зери унвони “Ваҳдати миллӣ - пояи устувори давлат!” бо иштироки роҳбарият ва доираи васеъи кормандон баргузор гардид.

24.06.2026

Бештар