Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ахбор

Вохӯрии дуҷонибаи директори Агентии обуҳавошиносӣ бо Дабири кулли Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ
Вохӯрии дуҷонибаи директори Агентии обуҳавошиносӣ бо Дабири кулли Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ

Дар доираи Конфронси 31-уми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), мулоқоти дуҷонибаи директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо Дабири кулли Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) профессор Селеста Сауло баргузор гардид.

16.11.2026

Бештар
Дар ҳошияи Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии обуҳавошиносӣ ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором ба имзо расид

Дар ҳошияи Конфронси 31-уми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), ки дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия ҷараён дорад, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором ба имзо расонида шуд.

16.11.2026

Бештар
ДАР АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
ДАР АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

13 ноябри соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ меҳмонон, аз ҷумла Мӯсоева Рафиқа Ғаниевна— арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тиллоӣ Гулрухсор Асадулло – муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳабибзода Зоҳир Иззат - раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

13.11.2026

Бештар
АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ ВА МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ ЭКОЛОГИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНИДАНД
АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ ВА МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ ЭКОЛОГИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНИДАНД

Дар доираи Конфронси 31-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), ки дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия баргузор шуда истодааст, мулоқоти дуҷонибаи директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо директори иҷроияи Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ Батир Мамедов баргузор гардид.

12.11.2026

Бештар
ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ  АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ БО ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ «КАЗГИДРОМЕТ» ВОБАСТА БА ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ
ВОХӮРИИ РОҲБАРИЯТИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ БО ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ «КАЗГИДРОМЕТ» ВОБАСТА БА ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВӢ

Санаи 10 ноябри соли ҷорӣ, дар доираи Конфронси 31-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), ки дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия баргузор шуда истодааст, вохӯрии дуҷонибаи директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо директори генералии Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Қазгидромет», намояндаи доимии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ (СУО) Данара Алимбаева баргузор гардид.

12.11.2026

Бештар
ИШТИРОК ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ РАСМИИ КОНФРОНСИ 31-УМИ ТАРАФҲОИ КОНВЕНСИЯИ ҚОЛАБИИ СММ ОИД БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
ИШТИРОК ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ РАСМИИ КОНФРОНСИ 31-УМИ ТАРАФҲОИ КОНВЕНСИЯИ ҚОЛАБИИ СММ ОИД БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

Санаи 9 ноябри соли 2026 дар маросими ифтитоҳи расмии Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон ва Директори Агентии обуҳавошиносӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло иштирок намуданд.

12.11.2026

Бештар
ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶРИБАИ МИЛЛИРО ДАР СЕМИНАРИ МИНТАҚАВИИ ЛОИҲАИ “GLOFCA” ДАР ШАҲРИ АЛМАТО МУАРРИФӢ НАМУД (2 – 4 ноябри соли 2026 | шаҳри Алмато, Ҷумҳурии Қазоқистон)
ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҶРИБАИ МИЛЛИРО ДАР СЕМИНАРИ МИНТАҚАВИИ ЛОИҲАИ “GLOFCA” ДАР ШАҲРИ АЛМАТО МУАРРИФӢ НАМУД (2 – 4 ноябри соли 2026 | шаҳри Алмато, Ҷумҳурии Қазоқистон)

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Семинари чоруми минтақавӣ оид ба табодули таҷриба дар доираи лоиҳаи ЮНЕСКО – Фонди мутобиқшавӣ «Паст намудани осебпазирии аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз оқибатҳои рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ дар шароити тағйирёбии иқлим» (GLOFCA), ки рӯзҳои 2 – 4 ноябри соли 2026 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

05.11.2026

Бештар
КОНСТИТУТСИЯ — ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА!
КОНСТИТУТСИЯ — ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА КАФИЛИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА!

Санаи 5 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 32-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия — пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори ҷомеа!» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш роҳбарият, сардорони раёсатҳо, марказҳо ва шуъбаҳои Агентӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз давлатдории миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ иштирок намуданд.

05.11.2026

Бештар
Вохӯрии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ  бо Ҳайати мустақили арзёбии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вохӯрии роҳбарияти Агентии обуҳавошиносӣ бо Ҳайати мустақили арзёбии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 октябри соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Агентӣ бо Ҳайати мустақили арзёбии Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

22.10.2026

Бештар
Насби стансияи худкори обуҳавосанҷӣ дар ноҳияи Мурғоб
Насби стансияи худкори обуҳавосанҷӣ дар ноҳияи Мурғоб

Санаи 20 октябри соли ҷорӣ дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2026, дар фурудгоҳи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб карда шуд.

21.10.2026

Бештар