Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Табрикоти Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бахшида ба 26 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ

Табрикоти 

Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бахшида ба 26 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ


Ваҳдат — беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумӯи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқею мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.

Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад, аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

Он дарахте, ки Сарвари кишварамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, Ваҳдати миллӣ буда, имрӯзҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо тоҷикон фахр менамоем. 

Хушбахтии имрӯзаи мо, сарҷамъӣ, осудагӣ, сулҳу озодӣ ва якдилии ҳар як қавму миллат аз Ваҳдат аст. Дар ҳама давру замон Ваҳдат яке аз муҳимтарин рукни ҳаёт ва мавҷудоти халқ ба шумор рафта, боиси рушду нумӯи давлату давлатдорӣ  арзёбӣ мегардад. 

Ҳанӯз дар замони худ бузургон ва чеҳраҳои бозтоби адабиёти форсу тоҷик, ба мисли устод Рӯдакию Ҳаким Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Хайёму Аҳмади Дониш ва садҳо шоирону донишмандон дар ашъори безаволашон орзӯи ба ваҳдат расиданро ба риштаи назм кашидаву мардумро ба ягонагӣ ва ҳамдилӣ даъват намудаанд. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар асари машҳури худ “Маснавии маънавӣ” ваҳдатро омили асосии дӯстии халқҳои олам эътироф намудааст

Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иктисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ рушд менамояд.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.

Мардуми сарбаланди тоҷикро бо фарорасии 26-умин солгарди Ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, барояшон осмнони софу беғубор, тинҷиву амониро аз даргоҳи Худованд хоҳонам. 

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак ҳамдиёрони азиз!

Бо арзи эҳтиром,

директори Агентии обуҳавошиносӣ

Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло.


24.06.2023