Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Семинар-машварати корӣ бо иштироки кормандони шабакаҳои давлатии вилояти Хатлон

Рӯзҳои 14-15 декабри соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои назариявӣ ва амалии мутахассисони соҳавӣ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати корӣ бо иштироки кормандони шабакаҳои давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид, дар рафти он 17 нафар сардорони стансияҳои обуҳавосанҷии вилоятӣ иштирок намуданд.

Дар рафти семинар мутахассисони шабакаҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои  сифати мушоҳидаҳои метеорологӣ, агрометеорологӣ, гидрологӣ ва иқлимшиносӣ, ҷамъоварӣ, тахлил ва коркарди маълумотҳои обуҳавосанҷӣ, холати системаи коммуникатсия ва алоқа, нигоҳдории таҷҳизотӣ корӣ, фаъолияти стансияҳои худкор, гузаронидани мониторинги сифати ҳаво, мушоҳидаҳо дар самти захираи барф, ҳолати пиряхҳо ва кӯлҳо табодули таҷриба намуда, нақшаҳои минбаъдаро матраҳ намуданд.




15.12.2023