Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Боздиди Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон аз стансияи агрометеорологии “Ҳисор”

Санаи 30 декабри соли 2023 Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон бо иштироки роҳбарияти Агентии обуҳавошиносии Кумита аз стансияи агрометеорологии «Ҳисор»-и Агентии обуҳавошиносӣ дидан намуда, бо шароити кору хизматрасонӣ, омодагӣ ба замистонгузаронӣ, корҳои таъмиру барқарорсозии биною иншоот, рафти корҳо дар самти мушоҳида ва омӯзиши равандҳои обуҳавошиносӣ шинос гардид.

Стансияи агрометеорологии «Ҳисор»-и Агентии обуҳавошиносии Кумита соли 1968 бунёд гардида, дар он мушоҳидаҳои метеорологӣ ва агрометеорологӣ бо усули дастӣ гузаронида мешаванд, ки натиҷаи онҳо дар раванди таҳияи пешгӯиҳои агрометеорологӣ, маълумотномаҳои иқлимӣ ва банақшагирии раванди киштукор дар шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав, Рудакӣ ва Ваҳдат истифода мегарданд.

Стансияи мазкур соли 2023 пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири метеорологӣ ва агрометеорологӣ, маводи хоҷагидорӣ таъмин гардид.

Раиси Кумита Шерализода Б. А., ба сифати корҳои сохтмонӣ ва рафти мушоҳидаҳои метеорологию агрометеорологӣ аз наздик ошно гардида, ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои сабзу хуррамгардонӣ, шинонидани ниҳолу дарахтҳои мевадиҳандаю сояафкан ва истифодабарии оқилонаи замин дастурҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон, аз тарафи Кумита барои стансияи мазкур таҷҳизоти компютерӣ ва ниҳолҳои дарахтҳои сояафкану ороишӣ тақдим карда шуд.

02.01.2024