Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Омӯзиши муҳтавои Паём бо иштироки намояндагони мақомоти роҳбарикунанда ва кормандони соҳавӣ

Ҳамагон огоҳ ҳастем, ки ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки он тамоми самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷи ҷумҳуриро барои давраҳои оянда тарҳрезӣ намуда, оид ба пешрафти соҳаҳои иқтисодуву иҷтимоӣ вазифаҳои мушаххасро муайян менамояд.

Санаи 18 январи соли 2024 бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Агентии обуҳавошиносии Кумита бо иштироки роҳбарият, воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумита, Агентии обуҳавошиносӣ, Сарраёсати ҳифзи муҳити зист ва марказу муассисаҳои Кумита дар шаҳри Душанбе, инчунин бо иштироки собиқадорон ва фаъолони меҳнат оид ба омӯзиши муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 вохӯрии сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти роҳбарикунанда, аз ҷумла ходими давлатию сиёсӣ, вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мӯсоева Рафиқа Ғаниевна, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, экология ва замин, ҳамчунин раиси Ҳизби аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Латифзода Рустам Барот ва Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, инчунин роҳбарият ва кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии обуҳавошиносӣ иштирок намуданд. 

Раиси Кумита муҳтарам Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки имрӯзҳо вобаста ба нуқтаҳои Паём дар тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, аз ҷумла воҳидҳои сохтории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ идома дорад. Ҳар як нуқтаи Паём барои таҳкимбахшии соҳаҳои гуногун ва дар умум дар рушду нумӯи сатҳи некуаҳволии кишвар равона гардидааст. 

Нотиқон зимни баромадҳои худ қайд намуданд, ки Паём ҳуҷҷати муҳими давлатӣ ҳисоб меёбад ва он тамоми фаъолияти давлатии кишварамонро таҳлилу ҷамъбаст намуда, вазифаҳои минбаъдаи рушди Ватани азизамонро муайян менамояд. Дар рафти баромадҳо оид масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва таъсири тағйирёбии иқлим ба Сайёра, масъалаҳои ҳалталаби экологӣ, вазъи кунунӣ ва дурнамои муҳити зист, таъмини амнияти экологӣ, тарбия ва фарҳанги экологии аҳолӣ, кабудизоркунию ниҳолшинонӣ, ки дар Паёми имсола қайд гардида буд, ба таври муфассал ва пурмуҳтаво суханрониҳо шунида шуд.

19.01.2024