Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Душанбе | Рушди иқтидори ВАО барои амалиёти ҳифзи пиряхҳо

Хабарнигорон аз саросари Тоҷикистон, аз ҷумла рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ, шабакаҳои телевизионӣ, Клуби Эко-журналистон ва дастаи рӯзноманигорони КҲМЗ дар семинари омӯзишӣ оид ба «Тақвияти гузоришҳои илмӣ дар бораи обшавӣ ва ҳифзи пиряхҳо», ки бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ADB Tajikistan - АБР Таджикистан баргузор гардид, ҷамъ омаданд.

Таҳти роҳбарии коршиноси байналмиллалӣ дар самти ВАО, семинар ба масъалаи такмили маҳорати журналистӣ, аз ҷумла дар инъикоси обшавии пиряхҳо, тағирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист – дар арафаи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо равона гардида буд.

Азбаски пиряхҳо босуръат об мешаванд, зарурати инъикос ва таъкид кардани ин масъала аз ҳарвақта дида муҳимтар гардидааст.

НИАТ "ХОВАР" Телевизиони Илм ва табиат Телевизиони "Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" // TV "Tourism and Folk Crafts"




09.04.2025