Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2025

Санаи 2 июли соли 2025 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи натиҷагирӣ аз фаъолияти нимсолаи аввали соли 2025 бо иштироки муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати директори Агентии обуҳавошиносӣ муҳтарам Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло ҷараён гирифта, дар он масъалаи натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ дар нимсолаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тибқи тартиби кори ҷаласа муовини директори Агентӣ муҳтарам Байдуллоева Ҷамила Акбархоновна аз рӯи масъалаҳои рӯзнома баромад намуданд ва сипас ҳисоботи сардорони раёсат, марказ ва шуъбаҳои Агентӣ шунида ва муҳокима гардиданд.

Дар баромади муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода Лоиқ Шералӣ қайд гардид, ки фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи натиҷаи таҳлилҳо дар ҳамаи самтҳо қаноатбахш арзёбӣ мегардад.

Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардида, таклифу пешниҳодҳо ва супоришҳои додашуда қарори дахлдори ҷаласа қабул гардида, масъулини иҷрои онҳо муайян ва муввазаф гардиданд.


02.07.2025