Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Курси омӯзишӣ дар мавзӯи: «Батиметрия ва моделсозии кӯлҳои рахнашавандаи кӯҳӣ»

   Аз 7 то 11 июли соли ҷорӣ, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фонди Оғохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон курси омӯзиширо дар мавзӯи «Батиметрия ва моделсозии кӯлҳои рахнашавандаи кӯҳиро» баргузор намуд.

 Ҳадафи омӯзиш – омӯзонидани шарикон оид ба таҳқиқоти асосии батиметрӣ ва усулҳои гузаронидани ченкуни бо истифода аз таҷҳизоти махсусгардонидашуда (монанди: эхолот, GPS-навигация) ва инчунин барномаҳои компютерӣ барои коркарди маълумот мебошад, ки ҳам қисмати назариявӣ ва ҳам намоиши амалӣ (дар шароити саҳроӣ) – ро дар бар мегирад.

 Иштирокчиёни омӯзиш – мутахассисони Маркази яхшиносӣ ва обшиносии Агентӣ, кормандони техникии дигар муассисаҳо ва намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, дар навбати худ тавонистанд малакаҳои касбии худро дар соҳаи батиметрия, аз ҷумла омӯзиши усулҳои ҷамъоварӣ, таҳлил ва шарҳи маълумоти батиметрӣ бо истифодаи таҷҳизоту барномаҳои муосир такмил диҳанд.


14.07.2025