Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории семинар оид ба баланд бардоштани қобилияти техникии корӣ

Санаи 25 июли соли 2025 дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон семинар оид ба масъалаҳои тақвияти қобилияти техникӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар баргузор гардид. Семинари мазкур бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ФАО) ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ роҳандозӣ гардид.

Дар доираи баргузории семинари мазкур масъалаҳои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи Париж ва Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (“BTR”–“Ҳисоботи дусолаи шаффофият”, “NDC”– “Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда”, “MRV”–“Мониторинг, ҳисоботдиҳӣ ва санҷиш (верификатсия)”, ETF–“Чаҳорчӯбаи тақвиятёфтаи шаффофият”) мавриди муҳокима ва баррасии иштирокчиён қарор гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки иқдоми тақвияти қобилият ба хотири шаффофият аз ҷониби Фонди умумиҷаҳонии экологӣ  таъсис дода шудааст, то заминаи институтсионалӣ ва техникиро барои пешниҳоди ҳисоботҳо дар доираи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим фароҳам созад.

25.07.2025