Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории семинар дар доираи иқдоми Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим ҷиҳати тақвияти қобилиятҳо дар самти шаффофият (CBIT)

Санаи 31 июли соли 2025, дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, семинари омӯзишӣ оид ба тақвияти қобилияти техникӣ дар самти шаффофият дар доираи иқдоми Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КҚ СММ ТИ) баргузор гардид. Семинар бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ доир гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи донишу малакаҳо дар самти мониторинг, арзёбӣ ва ҳисоботдиҳӣ доир ба чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад.

Чорабинии мазкур бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Дафтари Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ФАО) ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ роҳандозӣ гардид.

Дар ҷараёни семинар мавзӯъҳои “Шарҳи барномаи корӣ оид ба коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар доираи Созишномаи Париж ва Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КҚ СММ ТИ)”, “Осебпазирии аҳолӣ: занон, кӯдакон ва ҷавонон дар заминаи тағйирёбии иқлим”, “Дастурамал ва нақшаи амал барои мониторинг ва арзёбӣ (M&E) ва тадбирҳои мутобиқшавӣ дар доираи “NDC” дар сатҳҳои миллӣ, зермиллӣ, барномавию лоиҳавӣ” баррасӣ ва матраҳ гардида, гурӯҳҳои корӣ ба таври амалӣ мушкилоти арзёбии сифатии нишондиҳандаҳои тадбирҳои мутобиқшавӣ дар сатҳи миллиро таҳлил ва баррасӣ намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи талаботи низоми байналмилалии иқлим пас аз соли 2020, ҳамаи кишварҳо вазифадоранд, ки кӯшишҳои худро ҷиҳати коҳиши партови газҳои гулхонаӣ зиёд намуда, ҳамзамон устувории худро нисбат ба таъсири тағйирёбии иқлим тақвият бахшанд. Иқдоми тақвияти қобилият ба хотири шаффофият (CBIT) аз ҷониби Фонди умумиҷаҳонии экологӣ  таъсис дода шудааст, то заминаи институтсионалӣ ва техникиро барои пешниҳоди ҳисоботҳо дар доираи Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим фароҳам созад.






31.07.2025