Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Омӯзиш (тренинг) дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати риояи Чаҳорчӯбаи васеъшудаи шаффофият дар доираи Созишномаи Париж»

Санаи 12 августи соли 2025 бо ташаббуси Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Дафтари Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ФАО) ва Фонди умумиҷаҳонии экологӣ омӯзиш (тренинг) оид ба омодасозии ҳисоботдиҳӣ дар бахши идоракунии партовҳо тибқи Дастурҳои IPCC (Гурӯҳи коршиносони байниҳукуматӣ оид ба тағйирёбии иқлим - ГКБТИ) 2006 бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои марбутаи ҷумҳурӣ доир гардид.

Омӯзиш (тренинг)-и мазкур дар доираи иқдоми Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КҚ СММ ТИ) роҳандозӣ гардида, ҳадафи он баланд бардоштани донишҳои техникӣ ва малакаҳои амалии мутахассисони миллӣ дар омода намудани ҳисоботи партови газҳои гармхонаӣ (ГГ) дар бахши идоракунии партовҳо мебошад.

Дар ҷараёни омӯзиш мутахассисон соҳавӣ бо рӯйнамоҳо мавзӯъҳои “ Принсипҳои асосии ҳисоботдиҳӣ дар бахши партовҳо”, “Категорияҳои манбаъҳои партов”, “Манбаъҳои маълумот ва параметрҳои ҳисоббаробаркунӣ барои омода намудани ҳисоботи миллӣ дар бахш «Партовҳо»”, “Ҳассосият ба масъалаҳои гендерӣ дар заминаи ҳисоботи иқлимӣ ва таҳияи инвентаризацияҳои миллии газҳои гармхонаӣ” ва дигар масъалаҳоро матраҳ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин намуди чорабиниҳо ҷиҳати баланд бардоштани огоҳии мутахассисон дар бораи марҳилаҳои асосии таҳияи барӯйхатгири (инвентаризатсия)-и миллии партови газҳои гармхонаӣ (ГГ), аз ҷумла ҷамъоварӣ, систематизатсия ва пешниҳоди маълумот нақши калидиро мебозад.

12.08.2025