Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Корҳои тадқиқотӣ – экспедитсионӣ дар пиряхи Деҳдали ҳавзаи дарёи Сурхоб амалӣ гардид

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои бандҳои “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030”, ҳамзамон иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, №407 дар бораи амалигардонии қатъномаи СММ оид “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” рӯзҳои 1-5 декабри соли ҷорӣ корҳои тадқиқотӣ - экспедитсиониро дар пиряхи Деҳдали ҳавзаи дарёи Сурхоб ба роҳ монд.

Дар доираи корҳои тадқиқотӣ-экспедитсионӣ маълум гардид, ки баъд аз ҳаракати санаи 25 октябри соли ҷорӣ ҳаҷми нави пирях боз ба ҳаракат даромада, давоми моҳи ноябр ба андозаи 520 метр (бо суръати 20 метр / рӯз) ба поён ҳаракат намуда истодааст. Дар раванди мушоҳидаҳо маълум гардид, ки баландии ҳаҷми пиряхи ҳараткунанда 25-30 метр ва паҳноии он аз 80 то 120 метрро ташкил медиҳад.  

Боиси зикр аст, ки ҳолати пиряхи мазкур зери мониторинги доимии мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ қарор дошта, натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оиди вазъи пирях пешниҳод мегарданд.

 

 

 Маълумоти бештар:

 

https://www.facebook.com/share/p/1T5L8MnfSS/

https://www.facebook.com/share/p/1BUxro4GxB/

https://www.facebook.com/share/p/1CAhw8pAmD/

 

12.12.2025