Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Баргузории семинари омӯзишӣ оид ба Низоми огоҳкунии зуҳуроти хатарноки обуҳавошиносӣ “Smartmet Alert”

Рӯзҳои 13-16 январи солои 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омузишӣ оид ба насб ва мутобиқсозии Низоми огоҳкунии зуҳуроти хатарноки обуҳавошиносӣ “Smartmet Alert” баргузор гардид. Семинари мазкур дар ҳамкорӣ бо Институти метеорологии Финляндия дар доираи лоиҳаи “Fintaj” роҳандозӣ гардид.

Дар чорабинӣ мутахассисони соҳавии Агентӣ иштирок намуда, ба нозукиҳои кор бо Низоми огоҳкунии зуҳуроти хатарноки обуҳавошиносӣ “Smartmet Alert” тариқи назариявӣ ва амалӣ шинос шуданд. Татбиқи системаи "Smartmet Alert" имкон медиҳад, ки аҳолӣ ва вазорату идораҳои дахлдор аз зуҳуроти эҳтимолии хатарноки обуҳавошиносӣ самараноктар огоҳ шаванд, ки ин дар навбати худ ба кам кардани хатарҳо ва оқибатҳои зуҳуроти табиӣ мусоидат менамояд.

19.01.2026