Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ҷаласаи машваратӣ дар мавзӯи «Ташаккули ӯҳдадориҳои навшудаи иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда 3.0

Санаи 14 марти соли равон Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ, тибқи Лоиҳаи “Дастгирии такмили Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим (NDC3.0)” ҷаласаи машваратиро дар мавзӯи «Ташаккули ӯҳдадориҳои навшудаи иқлимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бахшҳои кишоварзӣ ва саноату сохтмон”, баргузор намуд, ки дар рафти он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ – тадқиқотии ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

 Иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии иқлимӣ дар доираи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва Созишномаи Париж яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, масъалаҳое, ки дар доираи ин чорабинӣ баррасӣ гардиданд, мустақиман ба пешбурди минбаъдаи кишвар дар роҳи иҷрои ӯҳдадориҳои худ, инчунин ба таҳкими механизмҳои миллӣ барои татбиқи онҳо ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои умумии иқлимӣ мусоидат менамоянд.

Боиси зикр аст, ки баргузории ҷаласаи машваратӣ бо ҷонибҳои ҳавасманд ҳамчун марҳилаи зарурӣ барои таъмин намудани ҳамкории байнисоҳавӣ, ба инобат гирифтани андешаҳои иштирокчиёни вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва ташаккули равишҳои ҳамоҳангшуда ҷиҳати навсозии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда - 3.0 арзёбӣ мегардад.

17.03.2026