Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Забон донӣ - ҷаҳон донӣ

Дар доираи татбиқи ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №795 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ», дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои мушаххас роҳандозӣ гардида истодаанд.

Бо ин мақсад, дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Дунёи забонҳо» дар Агентӣ курсҳои омӯзиши забони англисӣ ташкил карда шуда, кормандон ба таври мунтазам ба дарсҳо ҷалб гардидаанд. Барномаи омӯзишӣ ба баланд бардоштани сатҳи дониши забони англисӣ, такмили малакаҳои муошират ва истифодаи он дар фаъолияти касбӣ равона карда шудааст.

Санаи 7 майи соли ҷорӣ маросими ҷамъбасти даври навбатии курси омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни он ба кормандони Агентӣ, ки курси омӯзиши забони англисиро бомуваффақият хатм намуда, дар раванди омӯзиш фаъолона иштирок карданд, сертификатҳои хатм тақдим карда шуд.

Зикр гардид, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони англисӣ, барои рушди касбӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дастрасӣ ба иттилооти илмӣ-техникӣ аҳамияти муҳим дорад. Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши забонӣ ва такмили малакаҳои касбии кормандон баргузории чунин чорабиниҳоро идома хоҳад дод.

08.05.2026