24 июни соли 2026 дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ маҷлиси тантанавӣ зери унвони “Ваҳдати миллӣ - пояи устувори давлат!” бо иштироки роҳбарият ва доираи васеъи кормандон баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ муовини директори Агентӣ Абдуллозода Умаралӣ Сайдулло бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, матни табрикотии директори Агентӣ Қурбонзода Абдулло Ҳабибуллоро ба самъи ҳозирин расониданд. Мавсуф дар баромадашон қайд намуданд, ки Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди бузург ва муқаддаси миллати мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, нақши бузургеро дар сарҷамъии миллат ва пойдории давлат гузоштааст.
Абдуллозода Умаралӣ Сайдулло оид ба имзои санади муҳими сарнавиштсози таърихи давлатдории навини миллии мо, яъне Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 баъди музокироти тулонӣ бо ташаббус ва саъйу кӯшишҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи якпорчагии кишвар ва таъмини сулҳу суботи он сурат гирифт, махсусан қайд намуданд.
Дар рафти баргузории маҷлиси тантанавӣ кормандони Агентӣ оид ба аҳаммият ва ҷойгоҳи таърихии Ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва пешрафти устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки маҳз ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар, имрӯз Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардида, барои рушди минбаъдаи давлат ва беҳбудии зиндагии мардум заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон сулҳу суботи ҷовидон, ваҳдати пойдор, саодатмандӣ, сарбаландӣ ва муваффақиятҳои нав ба хотири рушду ободии Ватани азиз орзу карда шуд.




24.06.2026