Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Ҳамоиш бахшида ба қабули Қатномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)»

Дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба қабули Қатномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» бо иштироки васеъи роҳбарият ва кормандони Агентӣ ҳамоиш баргузор гардид.

Нахуст муовини директори Агентӣ Пирзода С.М. баромад намуда, аҳли нишаст ва дар ин замина кулли мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо қабули ин санади байналмиллалӣ табрик намуданд.

Аз ҷумла, Пирзода С.М. қайд намуданд, ки 25 июни соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони "Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда"-ро қабул намуд. Тавассути қатъномаи мазкур, давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.

Дар баромади мутахассисони соҳавӣ таъкид гардид, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир таҳкими сулҳ ва субот бояд ба яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеаи байналмилалӣ табдил ёбад. Ташаббуси нави Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» ҷавобгӯйи талаботҳои замони муосир буда, барои густариши фарҳанги сулҳ ва таъмини зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯзу фардо аҳаммияти байналмилалӣ дорад.


30.06.2026