Аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомонаи сифати ҳаво дар ҷумҳурӣ омода гардид, https://airquality.meteo.tj ки шаҳрвандон метавонанд вобаста ба ҳолати воқеии сифати ҳаво дар мамлакат маълумоти даққиқ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пайдо намоянд.
Айни замон дар 9 минтақаҳои ҳудуди ҷумҳурӣ, аз ҷумла 6 адад дар шаҳри Душанбе дар мавзеи Боғи фарҳанги фароғатии ба номи С.Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ, Институти физикию техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ, мактаби Байналмилалии президентӣ, шаҳракҳои 65 ва 103, инчунин 3 адад дар шаҳрҳои Кӯлоб, Ваҳдат ва Ҳисор таҷҳизотҳои худкори ташхиси сифати ҳаво насб гардидаанд.
Портали мазкур https://airquality.meteo.tj ба таври онлайнӣ фаъол буда, дар он харитаи ҷойгиршавии таҷҳизотҳо, маълумоти сифати ҳаво дар намуди графикҳо, бо нишондоди зарачаҳои 10мкр (Рм-10) ва 2,5мкр (Рм2,5) ҷиҳати муайяннамоии индекси сифати ҳаво ва тавсияву маълумотҳо ҷойгир карда шудааст.
Дар сомона шаҳрвандон метавонанд бо маълумотҳои зерин шинос гарданд:
1. Сомонаи сифати ҳаво бо нишондоди индекси ҷаҳонии сифати ҳаво, ҳолати сифати ҳаво, консентратсияи зарачаҳои 2,5микрона (Рм-2,5) инчунин омилҳои метеорологӣ (ҳарорат, суръати шамол ва намнокии ҳаво);
2. Номгӯи нуқтаҳои мушоҳидавӣ бо нишондоди консентратсияи зарачаҳои андозаашон то 2,5 ва 10 микрона (Рм-2,5), (Рм-10) инчунин индекси сифати ҳаво;
3. Харитаи ҷойгиршавии нуқтаҳои мушоҳидавии сифати ҳаво дар ҷумҳурӣ;
4. Маълумоти сифати ҳаво дар намуди график бо нишондоди зарачаҳои андозаашон то 2,5 микрона (Рм-2,5) ва 10 микрона (Рм-10);
5. Рейтинги нуқтаҳои мушоҳидашаванда бо нишондоди индекси сифати ҳаво, инчунин консентратсияи Рм-2,5 ва Рм-10;
6. Тавсияҳои тиббӣ ҳангоми хавфи ифлосшавии ҳаво;
7. Маълумоти бештар дар бораи сифати ҳаво.
Бояд қайд намоем, ки бо назардошти гирифтани маълумот аз 9 минтақаҳои ҳудуди ҷумҳурӣ индекси миёнаи сифати ҳаво (AQI) муайян гардида, нишондиҳандаи универсалӣ вобаста ба ҳолати воқеии сифати ҳаво дар харита нишон дода мешавад. Портали мазкур ягона манбае мебошад, ки дар он даққиқии сифати ҳаво дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз моделҳои ҷаҳонӣ муайян карда мешавад.





13.07.2026