Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Мушоҳидаҳои аэровизуалӣ – воситаи муҳими мониторинги захираи барф, пиряхҳо, кӯлҳои пиряхӣ ва захираҳои обии Тоҷикистон

Дар шароити таъсири тағйирёбии иқлим ва афзоиши хатари офатҳои табиӣ, мониторинги мунтазами пиряхҳо, захираҳои барф ва кӯлҳои пиряхии рахнашаванда яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва амнияти обӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина, дар доираи амалисозии «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010–2030», Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо истифода аз мушоҳидаҳои аэровизуалӣ вазъи захираҳои барф, пиряхҳо, кӯлҳои наздипиряхӣ ва кӯлҳои эҳтимолан рахнашавандаро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Ин мушоҳидаҳо, ки солона 3–4 маротиба анҷом дода мешаванд, барои баҳодиҳии захираҳои обӣ, таҳияи пешгӯиҳои гидрологӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ аҳамияти калидӣ доранд.

Санаи 28 июли соли 2026 мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ мушоҳидаҳои навбатии аэровизуалиро дар ҳавзаи дарёи Қаратоғ – минтақаи Шинг ва Ҳафткӯли ҳавзаи дарёи Зарафшон анҷом доданд. Дар рафти парвоз ҳолати захираҳои барф, пиряхҳо, кӯлҳои наздипиряхӣ ва дигар объектҳои муҳими криосфера бо истифода аз усулҳои мушоҳидаи саҳроӣ ва аксбардории ҳавоӣ мавриди омӯзиши муфассал қарор гирифтанд.

Яке аз натиҷаҳои муҳими мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар минтақаҳои таҳқиқшуда тақрибан 95 фоизи захираи барфи мавсимӣ пурра об шудааст. Ин нишондиҳанда аз идомаи раванди фаъоли обшавии барф дар мавсими тобистон шаҳодат дода, ба ташаккули маҷрои дарёҳо, таъмини захираҳои обӣ ва низоми гидрологии минтақа таъсири бевосита мерасонад. Аз ин рӯ, пайгирии мунтазами чунин равандҳо барои пешгӯии ҳаҷми захираҳои обӣ ва идоракунии самараноки онҳо аҳамияти махсус дорад.

Ҳамзамон, зимни парвоз ҳолати кунунии пиряхҳо ва кӯлҳои пиряхӣ низ мавриди арзёбӣ қарор гирифт. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ин объектҳо таҳти назорати доимии мутахассисон қарор дошта, маълумоти ба дастомада барои таҳлили равандҳои тағйирёбии криосфера, омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ва муайян намудани тамоюлҳои минбаъдаи рушди онҳо истифода мегардад.

Дар баробари ин, ба минтақаҳои эҳтимолии сар задани офатҳои табиӣ, аз ҷумла сел, ярч, рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ ва дигар равандҳои хатарноки гидрометеорологӣ диққати махсус дода шуд. Арзёбии саривақтии чунин минтақаҳо имкон медиҳад, ки сатҳи хавф муайян гардида, барои таҳияи пешгӯиҳои дақиқ ва татбиқи чорабиниҳои пешгирикунанда заминаи илмӣ фароҳам оварда шавад.

Маълумоти бадастомада на танҳо барои таҳияи пешгӯиҳои гидрологӣ ва мониторинги захираҳои обӣ истифода мешавад, балки ҳамчун асоси илмӣ барои таҳияи сиёсати давлатӣ дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба офатҳои табиӣ низ хизмат менамояд. Дар ин самт фаъолияти мунтазами Агентии обуҳавошиносӣ дар баргузории мушоҳидаҳои аэровизуалӣ, ҷамъоварии маълумоти илмӣ ва рушди низоми мониторинги муҳити зист барои таъмини амнияти экологӣ ва обии кишвар аҳамияти стратегӣ дорад.

Натиҷаҳои мушоҳидаҳо ба татбиқи босамари «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010–2030» мусоидат намуда, дар рушди илмҳои криосфера, такмили низоми огоҳсозии бармаҳал ва ҳифзи аҳолӣ аз таъсири офатҳои табиӣ саҳми арзанда мегузоранд.

30.07.2026