Агентии обуҳавошиносии
Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ /

Ахбор

Мулоқот бо муовини Дабири кулли Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ хонум Ко Барретт

25 майи соли 2026 дар ҳошияи Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018–2028 мулоқоти директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло бо муовини Дабири кулли Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ хонум Ко Барретт баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои раванди таъсиси Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба криосфера дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Обуҳавошиносӣ, татбиқи Нақшаи роҳ оид ба ташаббуси «Огоҳии бармаҳал барои ҳама» (EW4ALL), тақвияти иқтидори техникӣ ва институтсионалии Агентии обуҳавошиносӣ, инчунин рушди ташаббусҳои муштарак ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар самти мониторинги криосфера, рушди низоми огоҳии бармаҳал ва таҳкими иқтидори соҳавӣ таъкид намуданд.

25.05.2026